Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БА ИМОМАТИ ИШҚ

Боли дилро дубора во кардам, Ба ҳавои туаш раҳо кардам. То Худои дилам шавӣ рӯзе, Рӯзҳо ман «Худо, Худо» кардам. Достони ғамам чӣ мепурсӣ? Ба ту ин қисса борҳо кардам. Дил ба ранги риё наолудам, Гарчи сад кори нораво кардам. Чун зи меҳроб бӯйи хун омад, Маъбаде аз вафо бино кардам. Ишқ пайдо шуду имомат кард, Аз паяш ман ҳам иқтидо кардам. Зоҳид аз кина гуфт, ман аз меҳр, Роҳи худро аз ӯ ҷудо кардам.