Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ҳаббазо, дар ҳастии беранги ман

Ҳаббазо, дар ҳастии беранги ман Ранге аз хуни ҷигар овардаӣ. Дар миёни ин ҳама бедардҳо Дар дилам дарди дигар овардаӣ. Дарди ширину гуворое чунон Ҳар замон месӯзаду месозадам. Дарди рӯҳафзою ҷонбахшу малеҳ К-ӯ ҳама анҷомро оғозадам. Гӯиё хокистарам оташ гирифт, Нурборон шуд дилам аз он нигаҳ. Офтобе дар миёни зулмате, Гулшукуфте дар миёни тирамаҳ… Дар миёни он ҳама дарди куҳан Ёду ҳасратҳои бас деринае Ишқи ту бар ман маро наздик кард, Гӯӣ бикшодам ба дил ганҷинае. Боз аз нав хешро бишнохтам, Хешро дарёфтам бори дигар. Бо ҳама дарди ту тавъам зода шуд Шоири дигар, ҳам ашъори дигар. Ёри дил! Аз ҳастии зебои ту Шӯрчашмию маломат дур бод! Дар ҳақи дарде нагуфта шукр кас, Баҳри дарди ту ҳазорон шукр бод!