Ин ҳирсҳо, ки домани сад фан шикастаанд,
Ин ҳирсҳо, ки домани сад фан шикастаанд,
Арзи кулоҳ додаву гардан шикастаанд.
Дорад шароби ғафлати абнои рӯзгор
Бадмастие, ки соғари мурдан шикастаанд.
Бетобӣ аз ғубори нафас кам намешавад,
Минои дил ба рӯи тапидан шикастаанд.
Дар зулфи ёр ҳеҷ дил озурдагӣ надошт,
Ин донаҳо зи дурии хирман шикастаанд.
Ё Раб, шикасти ман ба чӣ афсун шавад дуруст?
Дорам диле ки бештар аз ман шикастаанд.
Дар оламе ки санги шарархези ваҳшат аст,
Гарди маро чу об дар оҳан шикастаанд.
Ҳар гул, ки дидам, обилаи хунчакида буд,
Ё Раб, чӣ хор дар дили гулшан шикастаанд?
Сад барқ дар камини нафас мавҷ мезанад,
Мардум назар ба шуълаи Айман
шикастаанд
Парвози ман чу мавҷи гуҳар дар дил асту бас,
Боле ки доштам, ба тапидан шикастаанд.
Ҳар зарраам ба ранги дигар медиҳад нишон,
Ҷӯши баҳорам, оинаи ман шикастаанд.
Имрӯз нафйи ҳам гули иқболи дӯстист,
Ёрон зи ранги мо сафи душман шикастаанд.
Мо оҷизон зи кӯи ту дигар куҷо равем?
Дар пойи риштаҳо сари сӯзан шикастаанд.
Санге зи нанги аҷз ба минои мо нахӯрд,
Моро ҳамон ба дарди шикастан шикастаанд.
Як гул дар ин баҳор иқоматсуроғ нест,
Бедил, зи ранги худ ҳама доман шикастаанд.