Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Рӯзгори ошиқии мо гузашт,

Рӯзгори ошиқии мо гузашт, Умри ман чун мӯи ту кӯтоҳ шуд. Мо, ки андар кӯи дил раҳгум задем, Ишқи мо ҳам мисли дил гумроҳ шуд. Ишқи мо аввал чу Дарёҷой2 буд, Кам шуд охир дар мурури солҳо. Аз кӣ буду аз чӣ буд ин оқибат – Кай биҷӯем аз китоби фолҳо? Вақти ошиқ буданат бо сӯзи дил Як ту мефаҳмидӣ мастиҳои ман, Дар баландии ғурури шоирӣ Он ҳама мастию пастиҳои ман. Хонуми сабзина, аз ман ёд кун, Ки ғаматро солҳо варзидаам. То ба кӯи васли ту бо дарду доғ Эй басо тарсидаву ларзидаам. Баски оғӯши ту атри кӯҳ дошт, Ошиқат будам мани фарзанди кӯҳ, Бо умеде, ки кунад ишқат маро Боз ҳам дилдодаю дилбанди кӯҳ. Ошиқат будам на аз баҳри висол, Ошиқат будам чу ҳамдарди дилам. Ошиқат будам, ки дорӣ зиндаам, Варна бисёр аст ҳар ҷо қотилам. Ошиқат будам, ки бо ман содадил – Ҳамнавою содаю озодаӣ. Дигарон омодаи фармони вақт, Ту ба фармони дилат омодаӣ. Дӯстдориҳои мо бепарда буд, Ишқи мо дарё буду соҳил надошт, Ҳар чӣ байни мо гузашт, аз дил гузашт, Бехудиҳо сарҳаду манзил надошт. Хонуми сабзина, аз ман ёд кун, К-аз ту ёди қотили ман мондааст. Чун мукофоте зи кӯриҳои ишқ Кӯрзахме дар дили ман мондааст. Ёд кун аз шоири ошиқ, ки буд