БОЗ ОВАРДАНИ РУСТАМ КОВУСРО
Ҳаме кард пӯзиш зи карда гуноҳ,
Варо мебиҷустанд ҳар сӯ сипоҳ.
Хабар ёфт з-ӯ Рустаму Геву Тус,
Бирафтанд бо лашкари гашну кӯс.
Ба Рустам чунин гуфт Гударзи пир,
Ки «То кард модар маро сер шир,
Ҳаме бинам андар ҷаҳон тоҷу тахт,
Каёну бузургони бедорбахт.
Чу Ковус худкома андар ҷаҳон
Надидам касе аз кеҳону меҳон.
Хирад нест ӯро, на дину на рой,
На ҳушаш ба ҷой асту на дил ба ҷой.
Ту гӯӣ ба сар-ш-андарун мағз нест,
Як андешаи ӯ ҳаме нағз нест.
Кас аз номдорони пешинзамон
Накарданд оҳанг зӣ осмон.
Чу девонагон аст беҳушу рой,
Ба ҳар бод, к-ояд биҷунбад зи ҷой».
Расиданд пас паҳлавонон бад-ӯй,
Накӯҳишкуну тезу пархошҷӯй.
Бад-ӯ гуфт Гударз: «Беморсон
Туро ҷои зеботар аз шорсон.
Ба душман диҳӣ ҳар замон ҷои хеш,
Нагӯӣ ба кас беҳуда рои хеш.
Се борат чунин ранҷу сахтӣ фитод,
Сарат з-озмоиш нагашт устод.
Кашидӣ сипаҳро ба Мозандарон,
Нигар, то чӣ сахтӣ расид андар он.
Дигарбора меҳмони душман шудӣ,
Санам будӣ ӯро, бараҳман шудӣ.
Ба гетӣ ҷуз аз покяздон намонд,
Ки маншури теғи туро барнахонд.
Ба ҷанги замин сар ба сар тохтӣ,
Кунун б-осмон низ пардохтӣ.
Зи як даст чун бартар оӣ ҳаме,
Баробар ба ҷанг андароӣ ҳаме.
Нигаҳ кун, ки то чанд гуна бало
Ба пеш омадат, ёфтӣ з-ӯ раҳо.