Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЛАЗЗАТИ ДАРЁ

Диле, ки дар ду ҷаҳон ҷуз ту ҳеч ёраш нест, Гараш ту ёр набошӣ, ҷаҳон ба кораш нест. Чунон зи лаззати дарё пур аст киштии мо, Ки бими вартаву андешаи канораш нест. Касе ба сони садаф во кунад даҳони ниёз, Ки нозанин гуҳаре чун ту дар канораш нест. Хаёли дӯст гулафшони ашки ман дидаст, Ҳазор шукр, ки ин дида шармсораш нест. На ман зи ҳалқаи девонагони ишқаму бас, Кадом силсила дидӣ, ки беқарораш нест? Савори ман, ки азал то абад гузаргаҳи ӯст, Саре намонд, ки бар хоки раҳгузораш нест. Зи ташнакомии худ об мехӯрад дили ман, Кавири сӯхтаҷони манат баҳораш нест. Арӯси табъи ман, эй Соя, ҳар чӣ дил бибарад, Ҳанӯз далерии шеъри Шаҳриёраш нест.