Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Тараҳҳам зиллатӣ, ё залмаолӣ

Тараҳҳам зиллатӣ, ё залмаолӣ, Ва восилнӣ, изо шаввашта ҳолӣ. Ало ё ноисаттарфайни сукрӣ, Салиссаҳрона ан тулиллаёлӣ, Надорам чун ту дар олам дигар дӯст, Агарчи дӯстӣ, душманфиъолӣ. Камолулҳусни фиддунё мусунун, Камислилбадри фӣ ҳаддилкамолӣ. Мураккаб дар вуҷудам ҳамчу ҷонӣ, Мусаввар дар димоғам чун хаёлӣ. Фамо заннавму? Қиланнавму роҳа, Ва молиннавму фӣ тулиллаёлӣ. Даме дилдорию соҳибдилӣ кун, Ки бархур бодӣ аз соҳибҷамолӣ! Алам танзур ило айнӣ ва дамъӣ, Таро филбаҳри асдофаллаолӣ. Ба гӯшат гар расонам нолаи зор, Зи сӯзи нолаи зорам бинолӣ. Лақад каллафта мо лам ақви ҳамлан, Ва мо лӣ ҳилатун ғайраҳтимолӣ, Ки кӯтаҳ бод чун дасти ман аз дӯст Забони душманон аз бадсиголӣ! Ало ё соилан аннӣ таваққаф, Фа мо қалбулмуанно анка солӣ. Ба чашмонат, ки гарчи дурӣ аз чашм, Дил аз ёди ту як дам нест холӣ.