ДОСТОНИ ФАРИДУН БО ВАКИЛИ ЗАҲҲОК
Чу кишвар зи Заҳҳок будӣ тиҳӣ,
Яке моявар буд ба сони раҳӣ,
Ки ӯ доштӣ тахту ганҷу сарой,
Шигифте ба дилсӯзагӣ кадхудой.
Варо Кундрав хондандӣ ба ном,
Ба кундӣ задӣ пеши бедод гом.
Ба кох андаромад давон Кундрав,
Дар айвон яке тоҷвар дид нав.
Нишаста ба ором дар пешгоҳ,
Чу сарви баланд аз бараш гирдмоҳ.
Зи як даст сарви саҳӣ Шаҳрноз,
Зи дасти дигар моҳрӯй Арнавоз.
Ҳама шаҳр яксар пур аз лашкараш,
Камарбастагон саф зада бар дараш.
На осема гашту на пурсид роз,
Ниёишкунон рафту бурдаш намоз.
Бар ӯ офарин кард, к-«Эй шаҳрёр,
Ҳамеша бизӣ, то бувад рӯзгор.
Хуҷаста нишастӣ ту бо фарраҳӣ,
Ки ҳастӣ сазовори шоҳаншаҳӣ.
Ҷаҳон, ҳафт кишвар, туро банда бод,
Сарат бартар аз абри боранда бод!»
Фаридун бифармуд, то рафт пеш,
Бигуфт ошкоро ҳама рози хеш.
Бифармуд шоҳи диловар бад-ӯй,
Ки «Рав, олати базми шоҳӣ биҷӯй.
Набиз ору ромишгаронро бихон,
Бипаймой ҷому биёрой хон!
Касе к-ӯ ба ромиш сазои ман аст,
Ба базм - андарун дилкушои ман аст,
Биёр, анҷуман кун бари тахти ман,
Чунон чун бувад дархури бахти ман».
Суханҳо чу бишнид з-ӯ Кундрав,
Бикард, ончӣ гуфташ ҷаҳондори нав.
Маи равшан оварду ромишгарон,
Ҳам андархураш богуҳар меҳтарон.
Фаридун чу май хӯрду ромиш гузид,
Шабе кард ҷашне, чунон чун сазид.