ҶАНГИ НӮЗАР БО АФРОСИЁБ БОРИ СЕВУМ
Аз он пас биёсуд лашкар ду рӯз,
Се дигар чу бифрӯхт гетифурӯз,
Набуд шоҳро рӯзгори диранг,
Ба бечорагӣ кард боист ҷанг.
Або лашкари Нӯзар Афросиёб
Чу дарёи ҷӯшон баровард тоб.
Хурӯшидан омад зи пардасарой
Або нолаи бӯқу ҳиндидарой.
Табира баромад зи даргоҳи шоҳ,
Ниҳоданд бар сар зи оҳан кулоҳ.
Ба пардасарои рад Афросиёб
Касеро сар андарнаёмад ба хоб.
Ҳама шаб ҳаме лашкар оростанд,
Ҳамон теғу жӯпин биперостанд.
Замин кӯҳ то кӯҳ ҷавшанварон,
Бирафтанд бо гурзҳои гарон.
На буд кӯҳ пайдо, на регу на шах,
Зи дарё ба дарё кашиданд нах.
Биёрост Қоран ба қалб - андарун,
Ки бо шоҳ бошад сипаҳро сутун.
Чапи шоҳ гурди Талимон бихост,
Чу Шопури Настӯҳ бар дасти рост.
Зи шабгир, то хур зи гунбад бигашт,
На буд кӯҳ пайдо, на ҳомун, на дашт.
Дили теғ, гуфтӣ, биболад ҳаме,
Замин зери аспон бинолад ҳаме.
Чу шуд найзаҳо бар замин соядор,
Шикаст андаромад сӯи шаҳрёр.
Чу омад ба бахт - андарун тирагӣ,
Гирифтанд туркон бар он чирагӣ.
Бар он сӯ, ки Шопури Настӯҳ буд,
Пароканда шуд, ҳарчӣ анбӯҳ буд.
Ҳаме буд Шопур, то кушта шуд,
Сари бахти эрониён гашта шуд.
Басе номдорони эронсипоҳ,
Чи кушта, чи хаста абар размгоҳ.
Чу шоҳу чу Қоран чунон дид кор,
Ки ахтар набуд ёр дар корзор.