Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

НИҲОЛИ НУР

Дастони ман чароғ Ангушти ман фатилаву андеша равған аст. Ман хуни хеш медиҳаму нур мехарам, Дар як шаби сиёҳ, Ҷодугари замона чароғи маро чу дид, Мехост дар ҳарими гиреҳхӯрдаи сукут, Дар дашти инзиво Танҳо бисӯзадам. Ман бо чароғи хеш давидам ба сӯи шаҳр, То дар сукути дашт намирад чароғи ман, То чуғди шабпараст нахандад ба доғи ман. Инак, ба кӯчаҳои пур аз издиҳоми шаҳр, Бо сад ҳазор даст, Ҳар даст як чароғ Фарёд мезанам: К-эй шаҳриён, миёни шумо тирарӯз кист? Яъне касе, ки мункари нур асту равшанӣ Бошад агар миёни шумо ончунон касе Оред пеши ман, Дасташ ба дасти ман бисупореду бингаред, То ман ба гӯши ӯ бирасонам паёми рӯз, То ман ба зеҳни ӯ бинишонам ниҳоли нур, То шодмона боз биёяд ба сӯятон, Дар зеҳни ӯ фурӯғ, Дар дасти ӯ чароғ...