Баҳор мераваду гул зи боғ мегузарад,
Баҳор мераваду гул зи боғ мегузарад,
Пиёла гир, ки фасли димоғ мегузарад.
Навои булбулу овози хандаи гулҳо
Ба дӯши ибрати бонги калоғ мегузарад.
Кудурате, ки зи асбоб чидаӣ бар дил,
Сиёҳиест, ки охир зи доғ мегузарад.
Ба ҷустуҷӯи чӣ матлаб шикастаӣ доман?
Ғубори худ ба ҳам овар, суроғ мегузарад.
Касе ба ҷонкании беасар чӣ чора кунад?
Фароғҳо ба талоши фароғ мегузарад.
Фиреби ҷилваи товус аз ин чаман нахӯрӣ,
Ғубори қофиласолори доғ мегузарад.
Мухолафат ҳам аз ин дӯстон ғанимат гир,
Дурӯза суҳбати тӯтию зоғ мегузарад.
Шарар ба сафҳа зану фурсати тараб дарёб,
Шаби саҳарнафасат бечароғ мегузарад.
Зи қайди лафз баро, маънии муҷаррад бош,
Май асту нашъа, даме к-аз аёғ мегузарад.
Магӯ паёми қаноат ба мунъимон, Бедил,
Ғариқи ҳирс зи пул бедимоғ мегузарад.