Рафтам он ҷо масту гуфтам: «Ай нигор…»
Рафтам он ҷо масту гуфтам: «Ай нигор,
Чун маро девона кардӣ, гӯш дор!».
Гуфт: «Бингар, гӯши ман дар ҳалқаест,
Бастаи он ҳалқа шав чун гӯшвор!».
Зуд бурдам даст сӯйи ҳалқаҳо-ш,
Даст бар ман зад, ки даст аз ман бидор!
Андар ин ҳалқа ту он гаҳ раҳ барӣ,
К-аз сафо дурре шавӣ ту шоҳвор!
Ҳалқаи заррини ман в-он гаҳ шабаҳ!
Кай равад бар чарх Исо бо ҳимор?!
Мӯҳраи сиёҳ.
Маркаб, саворӣ.