На бо сози ҳавас ҷӯшад, на бар касби ҳунар печад,
На бо сози ҳавас ҷӯшад, на бар касби ҳунар печад,
Табиат чун расо афтад, ба маънӣ бештар печад.
Ба ин ошуфтагӣ моро куҷо роҳат, чӣ ҷамъият?
Ҳавои турраат ҷои нафас бар дил магар печад.
Гумони ҳалқаи дом аст он сайди назокатро,
Гар аз чашми манаш тори нигоҳе бар камар печад,
Зи асбоби ҳавас бар ҳар чӣ печӣ, фоли кулфат зан,352
Гиреҳ пайдо кунад, дар ҳар куҷо най бар шакар печад.
Шаби уммед тай шуд, вақти он омад, ки навмедӣ
Ғубори мо-заифон ҳам ба домони саҳар печад.
Ҷунунам доғ шуд дар кисвати номуси худдорӣ,
Гиребоне чу гул доман кунам, то дар камар печад.
Умеди офият гар ҳаст, аз теғ аст бисмилро,
Ғариқи баҳри улфат беҳ, ки бар мавҷи хатар печад.
Зи сомони тааллуқҳо парешонӣ ғанимат дон,
Ҳамон дом аст, агар ин риштаҳо бар якдигар печад.
Назокатгоҳи нози кист, ё Раб, килки тасвирам?
Ду олам ранг гардонад, сари мӯе агар печад.
Ба ранги шамъ маҷнуни гирифторӣ диле дорам,
Ки занҷираш гар аз по во кунӣ, чун мӯ, ба сар печад.
Ба андози хироми ӯ мабод аз худ равӣ, Бедил,
Ки тарсам, гардиши рангат инони ноз дарпечад.