Р Е З А Б О Р О Н
Д у б а й т и ҳ о
Илоҳӣ байни мо ҳоил набошад,
Ба қасди мо касе моил набошад.
Дар он соат, ки ду бедил нишинем,
Миёни мо ба ғайри дил набошад.
Ғами ишқат ба баҳру бар нагунҷад,
Шару шӯрат ба сад маҳшар нагунҷад.
Ғазалҳое, ки аз ҳаҷри ту гуфтам,
Ба сад девон, ба сад дафтар нагунҷад.
Хаёле нест дигар дар сари ман,
Шароре нест дар хокистари ман.
Зи ҳусни ту ба ҷуз ҳузне намонда
Даруни синаи хушбовари ман.
Яке аз дасти пулдорон бимирад,
Яке дар зери пулборон бимирад.
Вале ман ошиқам бар он азизе,
Ки зери бори гулборон бимирад.
Диламро бурдиву тасхир кардӣ,
Вале дар кори дил таъхир кардӣ,
Агарчанде ки будӣ ҷони ширин,
Маро аз ҷони ширин сер кардӣ.
Бародарҷон, ба рӯ обат намонда,
Ба ҷону дил табу тобат намонда.
Чунон дар чордеворе асирӣ,
Ки завқи сайри Варзобат намонда...
Агар мирам, паёми ман бимонад,
Тиҳӣ аз бода ҷоми ман бимонад.
Танат бо дигаре фарсуда гардад,
Вале ишқат ба номи ман бимонад.
Ниёзе мар маро бар тарҷумон нест,
Аёнро ҳоҷате андар баён нест.
Агар ман ҳамзабони ин ҷаҳонам,
Зи ман беҳ тарҷумоне дар ҷаҳон нест!
Саҳар дар барги гул шабнам нишаста,
Лаби ҷӯ духтари сархам нишаста.
Лабони ҷӯ тару лабҳои ӯ хушк,
Вале бо дидаи пурнам нишаста.
Ту, эй дунё, ки як ёрам набошад,