РОҲИ НУРИ ОФТОБ
Достони ишқи тоҷик ба бародари рус
Моҳи мизон
Магар дар моҳи мизон барф омад,
Сафед абре магар поён фаромад.
Магар барвақт субҳи нав дамидаст,
Ки сар то сар замин ин сон сафедаст?
Ба рӯи суффа зери токи ангур
Рухи духтарчае буд ғарқаи нур.
Валекин духтарак хобида эмин,
Лабаш ҷунбонда механдид ширин.
Ба паҳлӯяш китобу дафтараш буд,
Хаёли дарсу мактаб дар сараш буд.
Шуои офтоби бомдодон
Гузашта аз миёни сабз баргон,
Қитиқ мекард чашмони сиёҳаш,
Ки то бинад чи сон бошад нигоҳаш.
Ин достон бо ҳамроҳии Боқӣ Раҳимзода навишта шудааст.
Ба каф мехост ё бардорад онро,
Ба мактаб бурда худ биспорад онро.
Барад ё бар сари кӯҳи баланде
Тамошо дода мулки дилписанде.
Ба ӯ гӯяд, ки ин боғ асту роғ аст,
Ба ӯ гӯяд, ки ин кохи чароғ аст,
Ба ӯ гӯяд, ки ин водӣ Ҳисор аст,
Душанбе дар дили ӯ пойдор аст.
Нигар, ин чашмаҳои кӯҳсоранд,
Нигар, ин рӯдҳои беқароранд.
Нигар, ин Вахшро, домони Панҷ аст,
Чӣ хуш доман, ки ӯ лабрези ганҷ аст.
На танҳо боғҳояш бешуморанд,
На танҳо меваҳояш шаҳдборанд,
Дар ин ҷо пахтаи абрешимин аст,
Пур аз тилло – пур аз нуқра замин аст.
Нигар, Боми Ҷаҳон – Помир дорем,
Ба мислаш пурҳашам тақдир дорем.
Ба водӣ тирамаҳ, ин ҷо баҳор аст,
Дилаш пурлаълу рӯяш лолазор аст.
Нигар, дарёи Сир дар баҳр резад,