Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

На ғаму дард орзу дорам,

На ғаму дард орзу дорам, На дили сард орзу дорам, Душманонам заифу номарданд, Душмани мард орзу дорам. Осмон ос мекунад моро, З-осиё гард орзу дорам. Ба касоне, ки рӯз бадбахтанд, Бахти шабгард орзу дорам. Дарди ман мекашанд ҳамдардон, Бахти ҳамдард орзу дорам. Мисли худ покбозу покимон Як ҷавонмард орзу дорам.