Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

АХВЛЕДИАНИ

Суҳбате буд дар фазои ҷануб Бо рафиқону дӯстони хуб. Суҳбат аз ҳикмати забон мерафт, Аз фазою ситорагон мерафт. Васф мекард нуктадон шоир Шафақи офтоби оламгир. Олиме буд дар миёнаи мо Улфати хуби беҳ зи ҷони мо – Профессор Ахвледиани ном Соҳиби фазлу устоди калом, Пирамарди забоншиносе буд Луғати зиндаи Ғиёсе буд! Суҳбат аз ҳарфи хеш меҷӯшонд, Ба сухан тоза ҷома мепӯшонд. Гаҳ сухан аз санскрит1 меронд Гоҳ шеъре ба тоҷикӣ мехонд! Гоҳ аз Шарқ ҳикмате мегуфт, Мухтасар он дури сухан месуфт. Бо чунин шавқ аз Грузия он. Кард рӯзе сафар ба Ҳиндустон. *** Офтоби Ҷануб сӯзон буд, Боди чӯли Ироқ тафсон буд. Рӯз мерафту шаб қарин мешуд, Фикри мо, ёди мо замин мешуд. Зери по шуд халиҷи Форс падид, Рӯи сар – осмони бехуршед. Менамуд аз паси сиёҳии шом, Регзорони соҳили Ором, Регзори ҷанубии Эрон – Манзари тираи Булуҷистон, Менамуданд хол-хол сиёҳ Рӯи дарё ҷазираҳо нигоҳ. Мурғи мо боли хешро ба замин Кард во дар ҷазоири Баҳрин, Зада фарёд чун гурусна шағол, Кард моро шамол истиқбол, Рехт он регу хок аз сари мо,