Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст, Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст! Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр, К-он чиҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст! Бишнидам аз ҳавои ту овози табл боз, Бозомадам, ки соъиди султонам орзуст! Гуфтӣ зи ноз: «Беш маранҷон маро, бирав!», Он гуфтанат, ки «беш маранҷонам» орзуст! В-он дафъ гуфтанат, ки «бирав, шаҳ ба хона нест!», В-он нозу бозу тундии дарбонам орзуст! Дар дасти ҳар ки ҳаст, зи хубӣ қурозаҳост, Он маъдани малоҳату он конам орзуст! Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо, Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст! Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам, Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст! Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад, Оворагийи кӯҳу биёбонам орзуст! З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, Шери Худову Рустами Дастонам орзуст! Ҷонам малӯл гашт зи Фиръавну зулми ӯ, Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст! З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл, Он ҳоюҳуву наъраи мастонам орзуст! Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст!