Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

АГАР...

Агар мо метавонистем Ҳар як ахтари афтодаро аз нав барафрӯзем, Агар мо метавонистем Рози синаи ҳар мурдаро некӯ биёмӯзем, Агар мо метавонистем Шеъри нотамоми шоири фавтидаро Он сон, ки ӯ мехост, бинвисем, Чу ӯ пурсӯзу пурэҳсос бинвисем, Агар мо метавонистем Кулли обҳои рафтаро аз нав ба ҷӯй орем, Ба кӯи рӯзгоре, ки гузашта, боз рӯй орем, Ба мисли он ки ҷарроҳони ҳозиқ Чок карда синаи ҳар мурдаро дарди варо ташхис месозанд, Агар мо метавонистем, Як дам дар сукути лаҳзаи мотам барои қадри ӯ аз рӯи коғаз не, Зи сӯзи дил, Зи мағзи ҷон сухан гӯем, Агар мо метавонистем, Кулли он китоберо, Ки андар оташи ҷаҳли палидон сӯхт, Андар хокбоди солҳои бесару сомон ҳама гум шуд, барои равшании роҳи кӯрони ҷаҳонбон сӯхт – Китоберо, ки мероси хирадмандони тоҷик буд, Китоберо, ки шарҳи дарди бедармони тоҷик буд, Ба ҷои махзани тиллову аркони аморатҳо Ба нархи ҷон нигаҳбонӣ кунем... Агар мо метавонистем... Агар мо метавонистем... Шигифто! Метавонистем агар ҷои ҳама беҳудагӯиҳо, ба ҷои Қофро бо лофи пур реге шуморидан, ба ҷои реги худро нораво Қофе гуморидан, ба ҷои обҳоро лой кардан, Гулӯи чашмаеро санг мондан,