Гар нест дар ин майкадаҳо даври тамоме,
Гар нест дар ин майкадаҳо даври тамоме,
Қонеъ чу ҳилолем ба нисфи хати ҷоме.
Дар мулки қаноат ба маҳу меҳр мапардоз,
Гар нони шабе ҳасту чароғи сари шоме.
Ин боғ чӣ дорад зи сару барги таайюн?
Тухм орзуи пучу самар фитрати хоме.
Бунёди ғурури ҳама бар даъвии пуч аст,
Дар арсаи мо теғ кашидаст ниёме.
Шоҳон ба нигин ғарра, гадоён ба қаноат,
Ҳастӣ ҳамаро сохта хиффаткаши номе.
Ибрат хабаре медиҳад аз фурсати иқбол,
Ин васл на з-онҳост, ки арзад ба паёме.
Дилҳо ҳама маҷмӯаи найранги фунунанд
Ҳар дона ки дидам, гираҳе буд ба доме.
Ҳастӣ равиши нози ҷунунтози кӣ дорад?
Меоядам аз гарди нафас бӯйи хироме.
То меҳри рухаш аз чӣ уфуқ ҷилва намояд,
Гӯши ҳама пур карда садои лаби боме.
Офоқ зи парвози ғуборам мижа пӯшид,
З-ин сурма ба ҳар чашм расидаст саломе.
Бедил, чӣ азал, ку абад, аз ваҳм бурун ой,
Дар кишвари таҳқиқ на субҳест, на шоме.