Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДӮЗАХИ РӮҲ

Ман чӣ гӯям, ки касеро ба сухан ҳоҷат нест, Хуфтагонро ба саҳархонии ман ҳоҷат нест. Ин шабовехтагонро чӣ самар муждаи субҳ, Мурдаро арбадаи хобшикан ҳоҷат нест? Эй сабо, магзар аз ин ҷо, ки дар ин дӯзахи рӯҳ, Хоки моро ба гулу сарву суман ҳоҷат нест. Дар баҳоре, ки бар ӯ чашми хазон мегиряд, Ба ғазалхонии мурғони чаман ҳоҷат нест. Лоларо бас бувад ин пираҳани ғарқа ба хун, Ки шаҳидони балоро ба кафан ҳоҷат нест. Қисса пайдост зи хокистари хомӯшии мо, Хирмани сӯхтагонро ба сухан ҳоҷат нест. Сояҷон, меҳри Ватан кори вафодорон аст, Бодсорони ҳаворо ба Ватан ҳоҷат нест.