Ман ошиқи дили туам, на ошиқи ҷамоли ту,
Ман ошиқи дили туам, на ошиқи ҷамоли ту,
Ман ошиқи ками туам, на ошиқи камоли ту.
Маро ғами ту мехурад, ғами маро намехурӣ,
Вафои ман савоби ман, ҷафои ту вуболи ту.
Хаёли дидани туам ба сад хаёл мебарад,
Вале ҳама хаёли ман яке бувад хаёли ту.
Суол додиям, ки чун ба кӯи ишқ мерасанд?
Расидаам ба кӯи ту – ҷавоби он суоли ту.
Ниҳоли орзуи ман самар диҳад, агар диҳад
Ба боғи орзуи ман самар қади ниҳоли ту.
Тамоми давлати ҷаҳон ба арзане намерасад,
Агар насиби ман расад ба давлати висоли ту...