Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДУ РОҲ

Сар шуд ин парвози мо аз роҳи дур Рӯ ба сӯйи кишвари иқболу нур, Мепаридем аз сари чандин диёр Рӯ ба сӯйи сарзамини навбаҳор. Мепаридем аз сари роҳи қадим, Роҳи чандинасраи пурхавфу бим, – Роҳи Қуръону Мадоин, роҳи дин. Роҳи зарҷӯяндагон то Ҳинду Чин, Роҳи Фиръавну раҳи пайғамбарон, Роҳи Нилу Даҷлаи аз хун равон, Роҳи чандинасраи ғоратгарӣ, Роҳи нангорандаи одамхарӣ. Мепаридем аз сари чандин диёр, Аз сари Байтулмуқаддас шуълавор, Аз сари хоки Фаластину Ироқ– Дашту саҳроҳои майдони нифоқ. Мепаридему фазо хомӯш буд, Моҷарое дар замин пурҷӯш буд. Моҷарое буд дар ин сарзамин Аз барои пахтаи абрешимин, Моҷарое дар сари рангин фулуз, Аз барои ҳукмронию нуфуз. Бӯйи бензин – нефт аз ин баҳру бар Меравад то қитъаҳои бохтар, То дари контори Уолл– стрит Мебарад аз ганҷу маъданҳо «навид». Меравад бо абрҳои осмон То паси уқёнус он сӯйи ҷаҳон. Меравад, меорад аз иқлими дур Бар сари ин сарзамин иғвою шӯр. Дар Ироқ оварда он бисёрҳо Коммунистонро ба рӯйи дорҳо. З-ӯ дар Эрон зулми нав эҷод шуд. Дори нав, зиндони нав бунёд шуд. Дидаам дар шаҳри Теҳрон манзаре, Манзари пурдаҳшату марговаре. Тӯпхона ном майдоне дар он Қатлгоҳе гашта бар номоварон.