Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

НОМАИ СИЁВУШ БА КОВУС

Сиёвуш чу дар Балх шуд бо сипоҳ, Яке нома фармуд наздики шоҳ. Навиштанд нома ба мушку абир, Чунон чун сазовор буд бар ҳарир. Нахуст офарин кард бар кирдгор, К-аз ӯяст фирӯзу беҳ рӯзгор. Худованди хуршеду гарданда моҳ, Фарозандаи тоҷу тахту кулоҳ. Касеро ки хоҳад, барорад баланд, Дигарро кунад сӯгвору нажанд. Чаро на ба фармони ӯ-дар, на чун Хирад кард бояд бад-ин раҳнамун. Аз он додгар, к-ӯ ҷаҳон офарид, Або ошкоро ниҳон офарид, Ҳама офарин бод бар шаҳрёр, Ҳама некуӣ бод фарҷоми кор! Ба Балх омадам шоду пирӯзбахт Ба фарри ҷаҳондори ботоҷу тахт. Се рӯз андар он ҷанг шуд рӯзгор Чаҳорум бубахшуд парвардгор. Сипаҳрам ба Тирмид шуду Бормон Ба кирдори новак биҷаст аз камон. Кунун то ба Ҷайхун сипоҳи ман аст, Ҷаҳон зери фарри кулоҳи ман аст. Ба Суғд аст бо лашкар Афросиёб, Сипоҳу сипаҳбад ба ин рӯи об. Гар эдун, ки фармон диҳад шаҳрёр, Сипаҳ бугзаронам, кунам корзор.