Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Чун шумо кай даъвии унвони боло мекунам,

Чун шумо кай даъвии унвони боло мекунам, Чанд рӯзе санъати дилро тамошо мекунам. Дар дили ман чор фасли рӯзгори олам аст, Саҳни дилро рафта-рафта саҳни дунё мекунам. Рӯзии худро на танҳо аз сарири хомаам, Аз дами шеру дами шамшер пайдо мекунам. Зардрӯӣ мекашам аз сахтрӯиҳои хеш, Дар замин бо осмон худро шиносо мекунам. Ҳаққи худ имрӯз настонам агар дар зиндагӣ, То абад дар зери хоки сард даъво мекунам. Зиндагӣ! Бо рафти дарёят нахоҳам бел зад, Гар муросо мекунӣ бо ман, муросо мекунам!