Шоир он набвад, ки бо нерӯи алфози фасеҳ
Шоир он набвад, ки бо нерӯи алфози фасеҳ
Зарраро хуршед гӯяд, қатраро дарё кунад.
Гаҳ ситояд он киро, шоистаи нафрин бувад,
Гаҳ фурӯтар аз худашро бар фалак боло кунад.
Ҳаст шоир сози фитратро муборак нағмае,
К-аз дами ҷонбахш чандин мурдаро эҳё кунад.
Дар наҷоти ақл саргардони маҳкуми башар,
Равзани нуре дар ин зулматсаро пайдо кунад.
Машъале аз сулҳ афрӯзад, ки дар анвори он
Мушти ин ҳангомасозони дағалро во кунад.
Шеър оҳанги дил асту нағмаи рӯҳи башар,
Бар навои дил ҷаҳонро ошиқу шайдо кунад.
Ин ҷаҳон бошад китоби ишқ сар то пои он,
Шоир ин алфози дилкашро ба мо маъно кунад.
Ҳар куҷо ишқ аст, шоир мекунад он ҷо мақом,
Ҳар куҷо ҳусн аст, он ҷо ошён барпо кунад.