Чашм во кун, шаш ҷиҳат ёр асту бас,
Чашм во кун, шаш ҷиҳат ёр асту бас,
Ҳар чӣ хоҳӣ дид, дидор асту бас.
Субҳа бар зуннори ваҳме бастаанд,
Ин гиреҳ гар во кунӣ, тор асту бас.
Гар баланду паст нафрӯшад тамиз,
Аз замин то чарх ҳамвор асту бас.
Ҳар нафас сад ранг бар дил мехалад,
Зиндагонӣ неши озор асту бас.
Чанд пояд рӯзи бозори ҳавас?
Чиниятро мӯ шаби тор асту бас.
Боғи имкон нест огоҳисамар,
Ҷаҳл то дониш ҷунункор асту бас.
Мабҳаси суду зиён дар хона нест,
Шӯри ин савдо ба бозор асту бас.
Коре аз тадбир натвон бурд пеш,
Ҳар кӣ дар кор аст, бекор асту бас.
Дуд натвон баст бар дӯши шарор,
Чун зи худ растӣ, нафас бор асту бас.
Ҷаҳли мо, Бедил, ба огоҳӣ насохт,
Нур бар зулмат шаби тор асту бас.