Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

СУРУДИ МАН

Сурудам – ҳофизи рози дили ман, Аниси булбуловози дили ман. Уқоби тезпарвози дили ман, Адиби нуктапардози дили ман. Ба обу ранги нав овоз сар кун, Сар овози нав аз банди ҷигар кун. Туро медонам, эй мурғи ғазалхон, Ки озодона дар ин давру даврон – Дурахшида мисоли дурри ғалтон, Равонӣ мисли оби ҷӯйборон. Гулистонро гули пурхандаӣ ту, Ба майдон ханҷари буррандаи ту. Ту бо ман рӯз месозӣ шабонро, Мисоли моҳ мегардӣ ҷаҳонро. Суруда, васфи зебо ошёнро – Ватанро, кишвари чун бӯстонро. Дили касро мунаввар мекунӣ ту, Ба мисли гул муаттар мекунӣ ту. Ватанро қосиди ҳар фатҳи бобӣ, Ба дасти кӯдакон хоно китобӣ. Ба осонӣ ба ҳар дил роҳёбӣ, Ба маҷлис гар равӣ, ҷӯши шаробӣ. Чӣ хуш бодавлатӣ дар сояи халқ, Зиреҳ пӯшидаӣ аз ғояи халқ. Ҳанӯз, эй дӯсти ҷонӣ, ҷавонӣ, Дарахти навраси ин ин бӯстонӣ. Шакарпайванди боғи тоҷиконӣ, Вале обу ҳавои зиндагонӣ. Туро соат ба соат қад кашонад, Ба ҳадди авҷи сарсабзӣ расонад.