Эй муждаи дидори ту чун ид муборак,
Эй муждаи дидори ту чун ид муборак,
Фирдавс ба чашме ки туро дид, муборак.
Ҷон додаму хоки сари кӯйи ту нагаштам,
Бахт ин қадар аз ман написандид муборак.
Дар нарди вафо бурд ҳамин бохтанӣ буд,
Манҳус
ҳарифе, ки нафаҳмид муборак.
Ҳар соя ки гум гашт, расонанд ба нураш,
Гардидани ранги кӣ нагардид муборак?
Эй бехирадон, ғарраи иқбол мабошед,
Давлат набувад бар ҳама ҷовид муборак.
Субҳи тараби боғи муҳаббат дами теғ аст,
Бисмиллаҳ, агар захм тавон чид, муборак.
Жӯлидагии мӯйи сарам чатри фароғест,
Маҷнуни маро сояи ин бед муборак.
Бар бом ҳилолабруи ман қибланамо шуд,
К-аз ҳар тараф омад хабари «Ид муборак!»
Дил қонеъи шавқест, ба ҳар ранг ки бошад,
Доғи ту ба мо, ҷом ба Ҷамшед муборак.
Дар ишқ яке буд ғаму шодии Бедил,
Бигрист, саодат шуду хандид, муборак.