Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Сармаст буте латифи сода

Сармаст буте латифи сода Дар даст гирифта ҷоми бода. Дар маҷлиси базми боданӯшон Баста камару қабо кушода. Афтода замин ба ҳазрати ӯ, Гардун-ш ба хидмат истода. Хуршеду маҳаш зи хубрӯӣ Сар бар хати бандагӣ ниҳода. Хуршед, ки шоҳи осмон аст, Дар арсаи ҳусни ӯ пиёда. Ваҳ-ваҳ, ки бузургвор ҳурест, Аз равзани ҷаннат уфтода. Лаълаш чу ақиқ гавҳарогин, Зулфаш чу каманд тобдода. Дар гулшани бӯстони рӯяш Зангибачагон зи моҳ зода. Саъдӣ нарасад ба ёр ҳаргиз, К-ӯ шармгин асту ёри сода.