Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҷавр бар ман меписандад дилбаре

Ҷавр бар ман меписандад дилбаре, Зӯр бо ман мекунад зӯроваре. Бори хасме мекашам, к-аз ҷаври ӯ Менашояд рафт пеши доваре. Ақл бечора-ст дар зиндони ишқ, Чун мусулмоне ба дасти кофаре. Борҳо гуфтам, бигирям пеши халқ, То магар бар ман бибахшад хотире. Боз гӯям, подшоҳеро чӣ ғам, Гар ба хайлаш-дар бимирад чокаре? Эй ки сабр аз ман тамаъ дорию ҳуш, Бори сангин мениҳӣ бар лоғаре. З-он чи дар пои азизон афкананд, Мо саре дорем, агар дорӣ саре. Чашми одаткарда бо дидори дӯст, Ҳайф бошад баъд аз ӯ бо дигаре. Дар саропои ту ҳайрон мондаем, Дарнамебояд ба ҳуснат зеваре. Ин сухан Саъдӣ тавонад гуфту бас, Ҳар гадоеро набошад ҷавҳаре.