Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Рафтам он ҷо масту гуфтам: «Ай нигор…»

Рафтам он ҷо масту гуфтам: «Ай нигор, Чун маро девона кардӣ, гӯш дор!». Гуфт: «Бингар, гӯши ман дар ҳалқаест, Бастаи он ҳалқа шав чун гӯшвор!». Зуд бурдам даст сӯйи ҳалқаҳо-ш, Даст бар ман зад, ки даст аз ман бидор! Андар ин ҳалқа ту он гаҳ раҳ барӣ, К-аз сафо дурре шавӣ ту шоҳвор! Ҳалқаи заррини ман в-он гаҳ шабаҳ! Кай равад бар чарх Исо бо ҳимор?! Мӯҳраи сиёҳ. Маркаб, саворӣ.