Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чу субҳа бар сари ҳам то ба кай қадам шумаред?

Чу субҳа бар сари ҳам то ба кай қадам шумаред? Ба якдилӣ нафасе чанд муғтанам шумаред. Ба ҳеҷ ҷузв зи аҷзои даҳр фосила нест, Саросари хати паргор сарбаҳам шумаред. Намуди кори ҷаҳон нақши косаи банг аст, Лабе ба ханда кушоеду ҷоми Ҷам шумаред. Ба сафҳа роҳ набурдаст нақши зулмату нур, Саводи даҳр хате дар шақи қалам шумаред. Ҷунуни олами ибрат ба гардан афтодаст, Нафас занеду ҳамон ҳастию адам шумаред. Суроғи маркази таҳқиқ то ба дил нарасад, Зи дайр то ба ҳарам лағзиши қадам шумаред. Ҳисоби бешу ками ҳирс то абад боқист, Магар ба сафҳа занед оташу дирам шумаред. Кадом қатра дар ин баҳр боби гавҳар нест, Хатои мо ҳама шоистаи карам шумаред. Ба нола макунам ангушти зинҳор баланд, Зи ман ба арсаи ҷуръат ҳамин алам шумаред. Кас аз ҳубоб нагирад иёри илму амал, Ҳисоби мо нафасе беш нест, кам шумаред. Навои сози ҳаё бе фузулии манумост, Зи парда чанд бароеду зеру бам шумаред. Агар ҳазор азал то абад зананд ба ҳам, Тааллуқи ману Бедил ҳамин ду дам шумаред.
Чу субҳа бар сари ҳам то ба кай қадам шумаред? | Шоирон