АФСОНАИ ХОМӮШӢ
Чӣ хуш афсона мегӯӣ ба афсунҳои хомӯшӣ,
Маро аз ёди худ бистон бад-ин хоби фаромӯшӣ.
Зи мавҷи чашми мастат чун дили саргашта баргирам,
Ки ман худ ғарқа хоҳам шуд дар ин дарёи мадҳушӣ?
Май аз ҷоми муваддат нӯшу дар кори муҳаббат кӯш,
Ба мастӣ бе хумор аст ин маи нӯшин, агар нӯшӣ.
Суханҳо доштам дур аз фиреби чашми ғаммозат,
Чу зулфат гар маро будӣ маҷоли ҳарфдаргӯшӣ.
Намесанҷанду меранҷанд аз ин зебосухан, Соя,
Биё, то гум кунам худро ба хилватҳои хомӯшӣ.