Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДОСТОНЕ ДИГАР

Рӯи ту гуле зи бӯстоне дигар аст, Лаъли лабат аз гавҳари коне дигар аст. Дил додани орифон чунин саҳл магир, Аз ҳусни диловези ту оне дигар аст. Эй дӯст, ҳадиси васлу ҳиҷрон бигзор, К-ин ишқи ману ту достоне дигар аст. Чун най нафаси ту дар ман афтоду маро, Ҳар дам зи дили хаста фиғоне дигар аст. Тири ғами дунё ба дили мо нарасад, Захми дили ошиқ аз камоне дигар аст. Ин раҳ ту ба зуҳду илм натвонӣ ёфт, Ганҷи ғами ишқро нишоне дигар аст. Аз қавлу ғазал ,Соя, чӣ хоҳӣ донист? Хомӯш, ки ишқро забоне дигар аст.