БЕҲАМЗАБОНӢ
Дилам боз аз ғами ғурбат ба хомӯшӣ фиғон дорад,
Парастуи парешонам ҳавои ошён дорад.
Наёсояд даме дур аз замину осмони хеш,
Намедонад, ки ин ҷо ҳам замину осмон дорад.
Шарори оташи беҳамзабонӣ сӯхт ҷонамро,
Хуш он ринде, ки суҳбат бо ҳарифи ҳамзабон дорад.
Зи чашмам то надуздад хоб тасвири хиромашро,
Тамошохонаи чашмам зи мижгон посбон дорад.
Зи буҳтоне, ки бар дин баст касро ман куҷо гуфтам?
Хатиби шаҳр ноҳақ дар ҳақи ман ин гумон дорад.
Маро бо шайх ҷанге нест, дар ҳаққам дуъо хонед,
К-аз ин сагиндили кофар Худоям дар амон дорад.
Пур аз ҳангомаи ишқ аст, Фонӣ, паҳнаи гетӣ,
Ҳамин як қисса дар ҳар ҷо дигаргун достон дорад.