Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Бо он сабукрӯҳии гул в-он лутфи шаҳбарги суман

Бо он сабукрӯҳии гул в-он лутфи шаҳбарги суман, Чун ӯ бибинад рӯйи ту, ҳар барги ӯ гардад се ман! Ай гулшани ту зиндагӣ в-ай захми ту фархундагӣ, В-ай бандаатро бандагӣ биҳтар зи мулки анҷуман! Гуфтӣ, ки ҷон бахшам туро, не-не, бигӯ, бикшам туро, То зиндайӣ, бошам туро чун шамъ дар гарданзадан! Зоҳид чӣ ҷӯяд раҳми ту, ошиқ чӣ ҷӯяд захми ту?! Он мурдаи андар қабо в-ин зиндаи андар кафан! Он дар халоси ҷон давад в-ин ишқро қурбон шавад, Он сар ниҳад, то ҷон барад в-ин хасми ҷони хештан! Ай тофта дар ҷони ман чун офтоб андар ҳамал, В-ай ман зи тоби рӯйи ту ҳамчун ақиқ андар Яман!