«МУҲОҶИР»
Сари сарчашма рафтам ман ба вахте,
Ба оби дида биншондам дарахте.
Шамол омад, дарахтам решакан шуд,
Мани мискин надорам ҳеҷ бахте.
Рубоии халқӣ
Намесозӣ дигар, тоҷики озод,
Суруди халқии деринаро ёд.
Ба боғат ҳеҷ осебе наояд
На аз тӯфони борону на аз бод.
Касе дигар ба рӯят ғам надидаст,
Ба чашми равшани ту нам надидаст.
Саодатмандиеро, ки ту дорӣ,
Араб дар хоби ширин ҳам надидаст.
Ба даврони советӣ бахтёрӣ,
Гила аз кӯҳсоронат надорӣ.
Дилат пурҷӯшу роҳат равшану соф
Ба мисли обҳои чашмасоре.
Валекин боз дарё меписандӣ,
Ҳавои дашту саҳро меписандӣ.
Расондан пахтаро мисли ҳисорӣ,
Ба меҳнатҳои аъло меписандӣ.
Ба водӣ аз сари кӯҳи баландат
Фароӣ бо тамоми кӯчу бандат.
Дар оғӯши Ҳисору Вахши зархез
Ба ҷавлон омадан хоҳад каландат.
Агарчанде ки гӯяндат муҳоҷир,
Ту аммо на муҳоҷир, на мусофир.
Ба ҳар ҷое, ки хоҳӣ зистанро,
Дар он ҷо бахт гардад бо ту ҳозир.
Ба сӯи ту Ватан оғӯшбоз аст,
Дар оғӯши Ватан меҳр асту ноз аст.
Раҳи пуршаъни ту бо қаҳрамонӣ
Дурахшон асту чун умрат дароз аст.
Ту медонӣ, ки оби чашмасорон
Равад аз қуллаҳои кӯҳсорон –
Гаҳе рақсидаву гоҳе суруда
Ба сӯи Панҷу Омӯи хурӯшон.
Равон Омӯст аз сарҳадди тоҷик