Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДУ СОҲИЛ

Дар ҷануби Тоҷикистон, сарҳади хоки диёр, Дар ҳамон ҷое, ки соҳил буд моро интизор – Бо хурӯши мавҷборон рӯди Омӯ мегузашт, Рег дар домони худ ин сӯву он сӯ мегузашт. Мегузашт он аз миёни субҳи равшан, шоми тор, Аз миёни бӯстону олами чӯлу мазор. Мегузашт он аз миёни хел-хел инсони даҳр, Аз миёни некбахтону сияҳбахтони даҳр. Мегузашт он аз миёни зиндагонию аҷал, Аз миёни ростию банду занҷири ҳиял. Заврақи мо дар миёни мавҷҳои оби руд Роҳи дар байни ду мулк афтодаро тай менамуд. Соҳили чап бурд моро аз бари найзорҳо, Соҳили рост аз бари зебо дару деворҳо. Соҳили чап дар фишори қалъаи пӯсида буд, Соҳили рост аз намоишҳои худ болида буд. «Вахш» меомад чу рамзи зиндагонӣ аз шимол, «Қундуз» аз самти ҷануби Шарқ чун ашки малол. Дар сафар дидем мо самти нигоҳи Вахшро, Аз шукӯҳу шаън пургардида роҳи Вахшро: Пахтаҳо бишкуфта монанди кабӯтарҳои сулҳ, Болу пар во карда дар сар то сари саҳрои сулҳ. «Вахш!» мегуфтему медидем иншоотро, Саф ба саф шаҳру деҳоту бармабар боғотро. «Вахш» мегуфтему медидем халқи шодро, Сарзамини тоҷикони умрбод озодро. Қомати инсон баландӣ ёфт дар дунёи мо, Ҳамраҳи сатҳи замину оби дарёҳои мо. Хокро зар, обро ӯ барқафкан кардааст, Дида равшан, сина равшан, мулк равшан кардааст. Заврақи мо дар миёни мавҷҳои оби рӯд Роҳи дар байни ду мулк афтодаро тай менамуд. Соҳили чап дар назар сар то ба по якранг буд, Чун тани мискин харобу чашми доро танг буд. Такя дода чӯбро, гардид чӯпоне падид, Гӯиё мехост бо мо сар кунад гуфтушунид. Балки ӯ мехост донад аз шиноварҳо аён,