ҲАЛҚАИ ЗАРРИН
Ҳалқаи заррин ба оби рӯд рафт,
Ранги шодӣ аз рухи масъуд рафт.
Дилбари мо оббозӣ менамуд,
Дар миёни об бозӣ менамуд.
Дасту по мезад ба рӯи мавҷҳо,
Менамуд озод дар ҳар сӯ шино.
Ғӯтавар, аз чашм мешуд нопадид,
Чун ҳубобе рӯи дарё медамид.
Об ҳам печид дар гирди сараш,
Танг гирад дар бағал то пайкараш.
Гашт ӯ аз ҳамлаи дарё гаранг,
Барра гӯё хӯрд бар чанги паланг.
Ҳалқа аз гӯшаш ба оби рӯд рафт,
Ранги шодӣ аз рухи масъуд рафт.
Гуфтамаш: эй ҷони ширин, ғам махӯр!
Садқаи сар гӯю биншин, ғам махӯр!
Баъд аз ин ҳам шоду хандонрӯй бош,
Дар баҳорон мисли гул хушбӯй бош.
Ҳалқа гум шуд, кам нагардад ҳусни ту,
Лаҳзае барҳам нагардад ҳусни ту.
Ошиқонро боз ҳам шайдо кунад,
Шӯри нав, ғавғои нав барпо кунад.
Ту маранҷ аз рӯдҳои кӯҳсор,
Гарчи густоханд, гарчӣ беқарор.
Бин, чӣ сон нури фаровон медиҳанд,
Бар замин аз нур марҷон медиҳанд.
Чун ба дарё дидаро во мекунем,
Акси рӯятро тамошо мекунем.
Дил, ки шодон аст, аз ту – аз висол,
Манзил обод аст аз оби зулол.