ҲУНАР НАМУДАНИ СИЁВУШ ПЕШИ АФРОСИЁБ
Шабе бо Сиёвуш чунин гуфт шоҳ,
Ки «Фардо бисозем ҳар ду пагоҳ.
Або гӯю чавгон ба майдон шавем,
Замоне битозему хандон шавем.
Зи ҳар кас шунидам, ки чавгони ту
Набинанд гурдон ба майдони ту.»
Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, анӯша будӣ,
Ҳамеша зи ту дур дасти бадӣ!
Ҳаме аз ту ҷӯянд шоҳон ҳунар,
Кӣ ёбад ба ҳар кор бар ту гузар?
Маро рӯз равшан ба дидори туст,
Ҳама аз ту хоҳам баду нек ҷуст.»
Бад-ӯ гуфт Афросиёб: «Эй писар,
Ҳамеша будӣ шоду пирӯзгар.
Ту фарзанди шоҳиву зебои гоҳ,
Ту тоҷи каёниву пушти сипоҳ.
Ба шабгир гурдон ба майдон шуданд,
Гурозону бо рӯи хандон шуданд.
Чунин гуфт пас шоҳи Турон бад-ӯй,
Ки «Ёрон гузинем дар захми гӯй.
Ту бошӣ аз ин рӯю он рӯй ман,
Ба ду нима ҳам з-ин нишон анҷуман.»
Сиёвуш чунин гуфт бо шаҳрёр,
Ки «Кай бошадам дасту чавгон ба кор,
Баробар наёрам задан бо ту гӯй,
Ба майдон ҳамоварди дигар биҷӯй.
Азеро, ки ҳамроҳу ёри туем,
Бар ин паҳнмайдон савори туем.
Сипаҳбад зи гуфтори ӯ шод шуд,
Сухан гуфтани ҳар касе бод шуд.
Ба ҷону сари шоҳ Ковус гуфт,
Ки «Бо ман ту бошӣ ҳамоварду ҷуфт.
Ҳунар кун ба пеши саворон падид,
Бад-ӯ то нагӯянд, к-ӯ бад гузид.
Кунанд офарин бар ту мардони ман,
Шукуфта шавад рӯи хандони ман».
Сиёвуш бад-ӯ гуфт: «Фармон турост,
Саворону майдону чавгон турост.