ДОҒИ ТАМАННО
Мастию шӯриши дарё, на ту дорию на ман,
Шӯхии мавҷи гуҳарзо, на ту дорию на ман.
Бояд, эй ғунча, дар ин боғ зи шарм об шавем,
Лоласон доғи таманно, на ту дорию на ман.
То абад роҳ ба ҷое натавонем кашид,
Дидаи равшану бино, на ту дорию на ман.
Оқибат дард гулӯи ману ту хоҳад баст,
Ҷони ман, фикри мудово, на ту дорию на ман.
Бигзар аз васвасаи
булбулу гул баҳри Худо,
Фурсати сайру тамошо, на ту дорию на ман.