Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Касе, ки ғайри ин савдо-ш набвад

Касе, ки ғайри ин савдо-ш набвад, Зи завқи мош ёди мо-ш набвад! Мисоли гӯй дар майдони ҳайрат Давон бошад, агарчи по-ш набвад! Вуҷуде, ки нараст аз сояи х(в)аш, Паноҳи сояи анқо-ш набвад! Намояд ойна симои ҳар кас, Азеро сурату симо-ш набвад! Ба рӯзе сад ҳазорон айбу хубӣ Бигӯяд ойна, ғавғо-ш набвад! Надорад ойна бо зишт буғзе, Ҳавои чиҳраи зебо-ш набвад! Даҳоне з-ин шакар маҷрӯҳ гардад, Ки дандонҳои шаккархо-ш набвад! Ба парҳое аҷиб дил барпаридӣ, Валек аз доми ӯ парво-ш набвад! Бирав, чун маҳ пайи хуршед мекоҳ, Ки бе коҳиш ҷамолафзо-ш набвад!