Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

То кай он шӯх маро бинаду нодида кунад

То кай он шӯх маро бинаду нодида кунад, Бишнавад нолаи зори ману нашнида кунад. Чун бигирям бари ӯ фош, зи ман пинҳонӣ Дар рақибон нигарад, хандаи дуздида кунад. Бар замине, ки шавад дида нишони қадамаш, Ҳар кӣ аҳли назар он ҷо қадам аз дида кунад. Ман надорам гилае з-он калаи шоназада, Ҳар чӣ бо ман кунад, он турраи жӯлида кунад. Бархарошида дилам, гӯ, магузар, з-он ки мабод, К-аш хароши дили ман пой харошида кунад. Пардаи зоҳиди солус барандохта бод, Бо бутон чанд назарбозии пӯшида кунад. Ҷомӣ, аз ёри писандида чӣ ранҷӣ, ҳошо, К-он писандида ба ҷуз кори писандида кунад.