Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом

Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом Рози дилро ба ду забон мегуфт. В-он ҳакими нишобурӣ – Хайём Дурри маънӣ ба ду забон месуфт. Шоирон беш дузабон буданд: Бо забони худу забони халқ, Бо забони ҳақиқату дили худ Шеър гуфтанду достони халқ. Лек, афсӯс, дар ҳама айём, Гарчи мардум закиву ҳушёранд, Шоири дузабон чи кампайдост, Шоирони дурӯя бисёранд...