Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз ёри куҳан намекунӣ ёд

Аз ёри куҳан намекунӣ ёд, Ин пешаи нав муборакат бод! Фарёди касе намекунӣ гӯш, Пеши кӣ кунем аз ту фарёд? Бо давлати бандагӣ-т ҳастем, Аз хоҷагии ду олам озод. Шояд, ки туро фаришта хонанд, К-ин лутф надорад одамизод. Он сӯхта ёфт лаззати ишқ, К-аз васл нишон надиду ҷон дод. Аз шаккари ҷонфизои Ширин, Парвиз наёфт завқи Фарҳод. Мурғи чамани вафост Ҷомӣ, Дар доми ғаму бало чӣ афтод!