ХАСТА
Ман орзуи хуфта ба қалби шикастаам,
Фарёди нотамом ба тори гусастаам.
Бар лаб сукуту сина пур аз доғи ҷонгудоз,
Хокистарам, ки бар сари оташ нишастаам.
Шодам зибас ба дарди асирӣ дар ин чаман,
Бо риштаҳои дом пари хеш бастаам.
Ҷон медиҳам зи дард, бигӯед хобро,
Як дам, биё, ба чашми ман имшаб, ки хастаам.
Шаб рафту шамъ мурду саҳар гашту ман ҳанӯз,
Дар хилвати хаёли ту танҳо нишастаам.
Бишкан пари маро, ки чу мурғони булҳавас,
Сад раҳ ба дом рафтааму боз растаам.