Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ шакар

Ба хидмати лабат омад ба интиҷоъ шакар, Ки аз лаби шакарин бахш як-ду соъ шакар! Лаби ту аст, ки шаккар зи айни ӯ рӯяд, На мунтазир, ки расад нася аз буқоъ шакар! Шакар ба вақти шакархӯрданат насибе ёфт, Ки бар мазоқи даҳонҳо бувад матоъ шакар! Бибастайӣ ду лаб имрӯз, з-он ҳаметарсам, Ки аз ғами ту бимонад зи интифоъ шакар! Зиҳӣ набот, ки дорад лаби ту, к-аз вай шуд Амири ҷумла наботот бе низоъ шакар! Даҳон бибандаму баста шакар ҳамехоям, Ки то ба ҷон бирасад хуш ба ибтилоъ шакар!