Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз ҳуҷуми кулфати дил нола беоҳанг монд,

Аз ҳуҷуми кулфати дил нола беоҳанг монд, Бӯи ин гул аз заифӣ дар тилисми ранг монд. Сӯхтему мушти хошоке зи мо равшан нашуд, Шуълаи мо чун нафас дар доми ин найранг монд. Аз ҳаё мавҷе назад, ҳарчанд дил аз ҳам гудохт, Об шуд оина, аммо ҳайраташ дар чанг монд. Санги роҳи ҳеҷ кас таҳсили ҷамъият мабод, Қатраи бетоби мо гавҳар шуду дилтанг монд. Дар хароботи ҳавас то даври ҷоми мо расид, Бедимоғӣ аз шаробу накбате аз банг монд. Аҷзи тоқат дар талаб моро далели узр нест, Манзиле ку, то набояд сар ба пои ланг монд? Миннати сайқал макаш, дарди сари авҳом чанд? Акс маъдум аст, агар оинаат дар занг монд. Охир аз саъйи заифӣ пайкари фарсудаам Ҳамчу ахгар зери девори шикасти ранг монд. Нест таклифи тапиданҳои ҳастӣ дар адам, Орамидан муфти он созе, ки беоҳанг монд. Номро нақши нигинҳо боли парвози расост, Мо зи худ рафтем, агар пои талаб дар санг монд. Як қадам нокарда, Бедил, қатъи роҳи орзу, Манзили осудагӣ аз мо ба сад фарсанг монд.