ОТАШИ АФСУРДА
Мо дӯзахиёнем, ки оташ ватани мост,
Хун нест, шарор аст, ки ҷорӣ ба тани мост.
Он гулбуни дардем, ки аз ашк хӯрад об,
Ҳар ҷо, ки ғаме реша давонад, Ватани мост.
Мо оташи афсурдаи вомонда ба роҳем,
Хокистари аҷзои тани мо кафани мост.
Таъмиргари ҳастии мо бин, ки ба сад шавқ
Наззорагари лаҳзаи вайрон шудани мост.
Дигар дари дилро накушоем ба номард,
Танҳоии мо қалъаи душманшикани мост.
Сад бор ба сар теша занад, боз ситезад
Фарҳод хиҷолатзадаи Кӯҳкани мост.
Мо қолабу қонуни забонро нашиносем,
Ҳар нола, ки ҷонсӯз барояд, сухани мост.